(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд намоиши маҳсулоти кишвари Эрон оғоз ёфт.Имруз дар толори Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишварҳои Эрон ва Афгонистону Чин оғоз гашт.
Дар расми кушодашавии он муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси вилояти Хуросони Разавӣ Ризо Ҷамшедӣ ширкат намуданд. Баъди суханони расмии онҳо лентаи рамзӣ бурида шуд.
Чунин намоиш – ярмаркаи маҳсулоти кишварҳо маротибаи сеюм баргузор шуда, ин навбат беш аз 25 ширкатхо беш аз 100 намуди махсулоташонро пешкаши сокинон намуданд.
Ҳадаф аз баргузории намоиш - ярмарка ин ба роҳ монадни ҳамкории хуб ва ривоҷ додани гардиши молу маҳсулот байни ин кишварҳо аст.
Имруз гардиши молу маҳсулот байни соҳибкорони хуҷандӣ ва эронӣ наздик ба 9 миллион доллари ИМА баробар шуда, сол аз сол он афзоиш меёбад. Ин намоишгоҳ то санаи 17-уми июн дар шаҳри Хуҷанд идома мекунад.
Лозим ба ёдоварист,ки ин намоиш бо ибтикори Палати савдо ва саноати вилояти Суғд ва ширкати намоишгохии «Суруш»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт. Дар намоиш ҳамчунин ширкатҳои кишвари Чин ва Афғонистон низ бо маҳсулоти худ ширкат доранд.