(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд силсилачорабиниҳо дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон” идома ёфта, аз ҷумла дар хобгоҳи донишкада бо иштироки сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева, кормандони иҷтимоии маркази занон “Гулрухсор” Шафоат Ишонова ва Умеда Латипова ва устодону донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гардид.

Муқаддас Шодибоева, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, муҳтавои “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва ба ин васила,омода намудани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пойдориву мустаҳкамии оилаҳо, тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, ободонию бунёдкорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо андешаронӣ намуд.

Корманди иҷтимоии маркази занон “Гулрухсор” Умеда Латипова оид ба фаъолияти Марказ, омори муроҷиат, дар бораи фаъолияти паноҳгоҳи муваққатӣ маълумот дода, ба донишҷӯён маводҳои таблиғотиро тақсим намуд.

Шафоат Ишонова корманди иҷтимоии маркази занон «Гулрухсор» доир ба мавзӯи муноқишаҳои оилавӣ, муносибати арӯсу хушдоман ва мавқеи занону духтарон дар рушди иҷтимоиёт маърӯза намуда, тариқи слайдҳои ҷолиб маълумот дод.

Таъкид шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва духтарон, бо мақсади тавонбахши ҳуқуқ ва имконоти онҳо, муносибати гендерӣ ба ҳисоб рафта, ба занону духтарон фаҳмонида шуд, ки ҳуқуқи инсонии худро ҳимоя намуда, поймолшавии онро пешгирӣ намоянд.

Сурудҳои ҷолиб, саҳначаҳо аз рӯзгори оилаҳои ҷавон аз ҷониби донишҷӯёни донишкада хеле хушу хотирмон буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд