(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар конфронси илмӣ.Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи « Ваҳдат бақои миллат» баргузор гардид. Дар кори конфронс Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии собиқадорони меҳнат ва илму маориф ширкат намуд.
Конфронсро ректори донишгоҳи мазкур Ҷамшед Ҷӯрабоев кушод. Мавсуф доири мақсади чорабинӣ ҳарф зада, суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз аҳамият ва арзишҳои пойдории сулҳу субот, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ ҳарф зад. «Таҳкими арзишҳои ба дастомада, устувории суботи ҷомеа аз саҳми ҳар кадоми мо дар самти рушду инкишоф ва пешравии кишвар сарчашма мегирад. Маҳз саю кӯшиши фидокоронаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо дар даврони пешравӣ ва рушди кишвар қарор дорем» - баён дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Баъдан олимони донишгоҳ, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷӯрабек Исомаддинов, дар мавзуи «Таҷрибаи таърихии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон», Ботурҷон Алимов мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмиллалӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ» маърӯза намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки то рӯзи баргузории таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ устодони донишгоҳ назди доираи васеи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Хуҷанд бо маърӯзаи худ баромад намоянд.
Аз ҷониби садорати донишгоҳ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанд китоби олимони ин боргоҳи илм супорида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаи консертӣ пешкаш гардид.