(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо машварати васеъи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки дар қаламрави шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи тасдиқгардида силсилаи корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Сипас, муовини аввали Раиси шаҳр ва муовинони Раиси шаҳр доир ба самтҳои фаъолияти сарпарастиашон гузориш доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ, фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, омодагӣ ба мавсими нави гулшинонӣ ва ниҳолшинонӣ, сифати кори сохтмонҳо, тақвияти фаъолияти корхонаҳои коммуналии шаҳр, пешгирии бемории сироятии короновирус, ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт, боло бурдани маърифати шаҳрдорӣ, дастгирии соҳибкорон, бунёди майдончаҳои варзишӣ, кӯмак ба ниёзмандон андешаронӣ намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати суръатбахшии корҳо дар самтҳои фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шаҳрдор дар анҷоми машварат иштирокдорони маҷлисро баҳри иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд