07 Июн 2014
Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои таълимӣ 15 нафар хонандагони шаҳр ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, ки ин яке аз натиҷаи беҳтарин дар вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар озмуни ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 38 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.”
Лозим ба ёдоварист,ки мавсими имсолаи хонишро 2119 нафар толибилмон синфи 11 ва 2899 нафар хонандагон синфи 9-умро хатм менамоянд ва 10 нафари онҳо ба сифати довталабони медалҳои тилло ва нуқра пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин 29 нафар хонандагони фаъолу пешқадам сазовори Идрорпулии Раиси шаҳр гардиданд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд доири пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҳарф зада ҳозиронро даъват намуд, ки нисбати ҳама гуна ҳолат ва зуҳуроти пайдоишии ин гуна омилҳо оштинопазир бошанд.
Ба чанд нафар аз муаллимони мактаб, ки собиқаи зиёди меҳнатӣ доранд ва хонандагони фаъол Ифтихорномҳои Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.