(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади ошноӣ аз раванди сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли якчанд иншооти дар шаҳр бунёдшаванда боздид намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд. Аз ҷумлаи чунин иншоот тарабхонаи «Форел» мебошад, ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда истодааст.

Нахуст Роҳбари шаҳр Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони тарабхонаи «Форел» ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тарабхонаи «Форел» барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст. Алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи якум ва дуюми иншоот бомаром идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 960 метри мураббаъ сохта мешавад.

Алҳол дар иншоот наздик 30 нафар фаъолияти пурсамар доранд ва баъди истифодадии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба роҳбарияти ширкати «Форел» ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофи он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод.

Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз раванди бунёди бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, ки сохтмони он дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиев бомаром идома дорад, боздид карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ин ҷо асосан ҳуҷраҳои кории кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, сохторҳои тобъи он, аз ҷумла КФД «Бақайдгирии молу мулқи ғайриманқул, идораи «Аэрогеодезияи вилоят ва ғайраҳо ҷойгир карда мешаванд. Корҳои асосии сохтмон анҷом ёфта, аллакай тирезаҳои бино насб карда шудаанд.

Фирдавс Шарифзода ҷиҳати анҷоми босифати корҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба пудратчиёни бино ва масъулини дахлдор машварату супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки ҷиҳати ободонии ҳудуди бино мароқи бештар зоҳир карда шавад.

Фирдавс Шарифзода ҳамзамон бо раванди корҳои бунёди бинои баландошёна дар микроноҳияи 18-ум ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бинои 9 ошёна иборат аз 72 хонаҳои 1, 2 ва 3 хонагӣ бомаром ҷараён дорад. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ “Истиқлол ва КО” буда, сохтмончиён босамар кор карда истодаанд. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Корҳои пардозгарӣ оғоз шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати анҷом додани корҳои асосии сохтмонӣ муҳлати муайян дод.

Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз ҷараёни бунёди бинои нави Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилояти Суғд дар маҳаллаи “Темурмалик” ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» тартиб дода шуда, сохтмони онро ҶДММ «Авитсенна» ба уҳда гирифтааст. Бинои асосӣ аз таҳхона, ва 5 ошёна иборат буда, бунёди 10 ҳуҷраҳои ёрирасон дар атрофи бино ба назар гирифта шудааст.

Дар таҳхона 7 утоқи корӣ ҷойгир гардида, баро шуъбаи таъминоти метрологӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ҷойи нишаст ва ошхона дар як вақт хизматрасонии ба 50 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-5 утоқҳои кори кормандон бунёд мешавад. Дар ҳуҷраҳои ёрирасон, ки дар атрофии бино асосӣ ҷойгир шудааст аз утоқи қабули намунаҳо, таваққуфгоҳ баро воситаҳои нақлиёт, анбор, утоқҳои корӣ барои ташхиси маҳсулотҳои нафтӣ, зеристгоҳи барқӣ ва дегхона муайян гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд