(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони шаҳри Хуҷанд 4 мақом ва дипломи озмунро аз рўйи наминатсияҳои гуногун ба даст оварданд.

Тибқи иттилоъи мудири шуъбаи фарҳангри шаҳри Хуҷанд Тахмина Абдукаҳорзода аз руи наминатсияи навозандаи академӣ Сурайё Акрамова сазовори ҷои 2 гардида бо 30 000 сомонӣ мукофотонида шуд. Дар номинатсияи навозандаи академӣ Ширин Ҳамдамова баромад намуда, сазовори ҷои 3 гардида бо 25000 сомонӣ мукофотонида шуд. Аз руи наминатсияи навозандаи анъанавӣ Садоят Ҳамроева баромад намуда, сазовори ҷои 3 ва бо 25000 сомонӣ сарфароз гардид. Дилшода Саидхуҷаева дар наминатсияи навозандаи анъанавӣ баромад намуда, сазовори чои 5 гардида бо 15000 сомонӣ мукофотонида шуд. Аз руи номинатсияи “Сарояндаи эстрадӣ”, “Навозандаи эстрадӣ” ва “Сарояндаи анъанавӣ” Абӯбакр Саидзода, Сарвиноз Ҳамдамова Сарвиноз, Шубин Тимофей ва Шерзод Имомов маҳорати баланд нишон дода, соҳиби "Диплом"-и иштирокчии даври ниҳоии озмун гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон бо марҳилаҳо шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд