(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати қисми низомии 3501-ро бо Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта аз ҷумла афзуд, ки : «Бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Таи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд».

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, ки Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.

Бояд қайд намуд, дар қисми низомии 3501 тамоми шароити зисти истиқомат ва хизмат фароҳам оварда шудааст.

Дар ин рӯз аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати қисми низомӣ дастархонаи идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд