(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастрас намудани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ба сокинони шаҳри Хуҷанд дар назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор то 30 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд