(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Баъди 35 сол кӯчаи маҳаллаи «Навбаҳор» мумфарш мешавад.Дар шаҳри Хуҷанд мумфаршфкунии кӯчаҳо ва роҳхои маркази вилоят вусъати тоза мегирад. Имрӯз дар кӯчаи шафати бозори маҳаллаи «Навбаҳор» мумфаршкунии пурраи кӯчаи мазкур оғоз ёфт.
Роҳи мазкур таи 35 соли охир тамоман таъмирнашуда буд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои мумфаршкунӣ ошно гашта, ба фаъолон  ва сохибкорони маҳалла барои дастгирии ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд. Дарозии кӯча зиёда аз як километр буда, маблағи корҳои мумфаршкунӣ аз ҳисоби соҳибкорон, сокинон ва буҷаи шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасад. Роҳсозон ният доранд корҳои асфалтхобонӣ ва роҳсозиро ба мӯхлати се рӯз ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои мумфаршкунии кӯчаҳои М. Хуҷандӣ ва Шарқ, ки бо маром давом дорад, ошно шуд. Баъди 35 сол кӯчаи маҳаллаи «Навбаҳор» мумфарш мешавад.Раҷаббой Аҳмадзода ба сатҳу сифати корҳои роҳсозӣ мароқ зоҳир намуда, барои сари вақт ба итмом расондани корҳо ба роҳсозон дастуру маслиҳат дод. Мувофиқи нақша таъмири ин роҳҳо давоми ҳафтаи оянда бояд ба анҷом рассад.