(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша-чорабинии шуъбаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии “Рассоми беҳтарин” байни кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №32 гузаронида шуд.

Дар ин озмун 25 нафар тарбиятгирандагони муассисаи таълимии томактабии №32 фаъолона ширкат варзида, маҳорати расмкашии худро нишон доданд. Тарбиятгирандагон дар рӯи қоғаз (шакли А4) бо истифодаи қалами оддӣ, қалами ранга, рангҳои обӣ, дар мавзӯи “Парчамат эй Тоҷикистон то абад бодо Парафшон” ба мӯҳлати 40 дақиқа тасвир намуданд. Баъди тасвири расм дар мавзӯи мазкур тарбиятгирандагон расмҳои тасвиркардаашонро ҳимоя намуданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева дар даври ниҳоии озмун ширкат варзида, ҳадафи баргузории чунин озмунҳоро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки он бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму томактабӣ”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи зебопарастӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, истифодаи дурусти маводҳои мусавварӣ аз расмкашӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар ин озмун ҳамчунин мушовири шуъбаи маорифи шаҳр М. Зоидова, собиқадори соҳаи маориф М. Нозимова, роҳбари иттиҳодияи методии мудирон К. Исматова ва мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №32 А. Исломова ва мураббиёни кӯдакистонҳо иштирок намуданд.

Корҳои иҷрокардаи тарбиятгирандагон аз тарафи доварон таҳлил карда шуда, ҳамин тавр соҳиби дипломи дараҷаи якум тарбиятгирандаи муассисаҳои таълимии томактабии № 2,3,7,13,28,32, дипломи дараҷаи дуюм- тарбиятгирандаи муассисаҳои таълимии томактабии №1,26,27,31,27,40, дипломи дараҷаи сеюм - тарбиятгирандаи муассисаҳои таълимии томактабии №5,6,12,25,29,38 ва Сипосномаи шуъбаи маориф - тарбиятгирандаи муассисаҳои таълимии томактабии №4,9,14, 15, 18 ва 19 сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд