(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Нахуст, Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳр ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои маориф ошно намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои маорифи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳр, раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “”Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон пешниҳоди Прокуратураи шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор гирифта, гузориш оид ба рейдҳои назоратӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ баррасӣ карда шуд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳр таъкид шуд, ки омузгорони муассисаҳои таълимӣ назорати омӯхтани дониши хонандагонро пурзӯр намоянд ва эшонро ба хондани китобҳои фаннӣ ва бадеъӣ шавқманд созанд, қобилияти эҷодиашонро таҳким бахшанд ва ба омӯхтани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Бо мақсади боз ҳам такмил додани ҷараёни омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин ташаккул додани тафаккури техникии насли наврас, ки солҳои 2020 -2040 «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва метематика» эълон карда шудааст, ҷиҳати татбиқи босамари он тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд