(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt“Корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд”- таъкид гардид зимни як чорабинии маърифатӣ бо иштироки хонандагони МТМУ “27-и шаҳри Хуҷанд, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Зимни чорабинӣ ҳамзамон зикр гардид, ки маҳз ба туфайли заҳматҳои шабонарўзии Сарвари давлат, Ватани маҳбубамон ба як кишвари биҳиштосо табдил ёфта, ҳамчун кишвари рў ба рушд ниҳода аз ҷониби тамоми давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмиллалӣ эътироф шудааст.

Корномаҳои пурифтихор ва пурмаҳсули Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хизматҳои шабонарўзӣ ва созгорашон аз ҷониби ташкилотҳои бо нуфузи ҷаҳонӣ қадршиносӣ гардида, ҳанўз аллакай моҳи августи соли 2011 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия, таъмини эҳтироми манзалати инсон, таъмини идоракунии шаффоф, дастгирии равандҳои демократӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ, озодии матбуот, ба роҳандозии барномаҳои созандагӣ ва дигар дастовардҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар аз Ҷониби Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо–Пешвои асри 21 тақдим гардида буд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар боби сиёсат, хоҳ роҷеъ ба иқтисодиёт, хоҳ оид ба илму фарҳангу маориф изҳори назар бисозанд, дар пеши чашмони мо ҳамчун як чеҳраи як нафар сиёсатмадори оқилу дурандеш, марди донишманд ва фарҳангӣ падидор мешаванд.

Ҳар як суханронӣ, ҳар як мулоқот, ҳар як амали сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаи олии дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд. Ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки эътимод ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ дар кулли самтҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ хеле равшан ба назар мерасанд.

Хонандагон ҳамчунин дар васфи Пешвои муаззами миллат шеъру суруд ва таронаҳо сароида, ба чорабинӣ мазмуни дигар бахшиданд.

Роҳбарияти муассиса чорабиниро натҷагирӣ намуда, бори дигар аз корнамоиву хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эёҳи давлатдории миллӣ андешаронӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд