(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt“Пешвои мо-ифтихори мо! “ ном дошт, чорабинии тарбиявии хонандагони МТМУ №20 бахшида ба Рӯзи ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Нахуст хонандагон шеъру гуфторҳоро дар бораи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид доштанд, ки Пешвои муаззами миллати мо яке аз чеҳраҳои намоёни арсаи ҷаҳонӣ арзғёбӣ гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Модар – Ватан ва азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар –сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт аҷргузорӣ карданд ва мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ дар байни зиёда аз 200 кишвари олам ва минҷумла, сайёра баланд бардоштанд. Чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳиди ҳоланд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

Маҳз хидматҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки ба зербинои давлати тоҷиконро асос гузошта, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарҷамъиву амният ва суботи мамлакатро таъмин бахшида шуд. Ин буд, ки миллати пошхӯрда сарҷамъу муттаҳид, давлати мустақили Тоҷикистони муосир бунёд гардида, аз кишвари ақибмондаи дастнигари кумакҳои башарӣ ба ҷумҳурии пешрафтаи аграрӣ ва саноатӣ мубаддал шуд.

Иттилоъ дода шуд,ки нақши Президенти мамлакат дар эҳёи хотираи таърихӣ бештар дар он таҷассум меёбад, ки бо ибтикору роҳбаладии Ҷаноби Олӣ тамоми иншооти таърихию фарҳангии мамлакат аз нав таъмиру эҳё гардида истодаанд. Президенти ҷумҳурӣ ба таърих, фарҳанг, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва ҳафриёту бозёфтҳои археологии мамлакат таваҷҷуҳу дастгирии зиёд намуда, ҳастии хешро барои пешрафти миллату давлати азизамон- Тоҷикистон дареғ намедоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ намояндагони шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассиса ба мазмуну мундариҷаи чорабинии баргузоргардида баҳои баланд доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд