(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо сафарбарии ҷамъи қувваю василаҳо барои мубориза алайҳи мавҷи дуюми ин вабои аср амалӣ гардида истодааст.

Ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раисони Ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» сурат гирифта, пеш аз ҳама маконҳои осебпазир мавриди безараргардонӣ қарор мегиранд.

Ин навбат корҳои безарагардонӣ нахуст дар бозорҳои марказии “Панҷшанбе” ва “Афросиёб” бо ҷалби як қатор кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳру вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифт.

Корҳои тамизгардонӣ ҳамчунин дар маҳҳалаи “Бофанда”-и шаҳр, ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ риоя нагардидани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба чашм мерасад, ки боиси нигаронию ташвиш аст ва ҳолатҳои ногувор дар пай дорад.

Бояд ҳар як шаҳрванд ин масъаларо дарк намуда, бо ақлу фаҳмиш ва шуурнокӣ то чӣ андоза осебпазир будани ин беморӣ андеша намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин тадбирҳо ҳамарӯза аз ҷониби Роҳбарияти Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд