(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани “Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2020, №12/53 тасдиқ гардидааст, то санаи 10-уми октябри соли 2020 дар муассисаҳои таълимии шаҳр даври аввали олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 5-11 гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 20 000 нафар толибилмон, аз ҷумла 11 840 нафар духтарон иштирок намуданд.

Дар ин замина тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд “Оид ба гузаронидани Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2020-2021” даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 9-11 аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар МТМУ №23 ва Муассисаи таълимии давлатӣ мактаб барои хонандагони болаёқат гузаронида шуда, аз санаи 02 то 07. 11. 2020 идома меёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии мазкур дар синфхонаҳои барҳаво бо риояи гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ ва ташкили навбатдорию истифодаи маводи антисептикӣ баргузории олимпиада ба роҳ монда шудааст. Тибқи дархост дар Олимпиадаи фаннии шаҳрӣ байни хонандагони синфҳои 9-11 беш аз 1166 нафар иштирок карда, донишу истеъдоди худро намоиш медиҳанд ва ҳайати ҳакамон ба кори толибилмон баҳои воқеӣ дода, ғолибонро муайян менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд: “Тарбия кардани хонандагони боистеъдоду лаёқатманд, фаро гирифтани насли наврас бо навгониҳои илму техника ва вусъат бахшидани қобилияту маҳорати ихтирокорию соҳибистеъдодии онҳо – яке аз вазифаҳои асосии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад”.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд