(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altБо камоли эҳтиром ва самимияти афзун кормандони муҳандисию техникӣ, коргарони корхонаҳои саноати сабук, собиқадорони меҳнат ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ - Рӯзи кормандони саноати сабук табрику шодбошиҳо мегӯям. Ба онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар меҳнати садоқатмандонаашон баҳри рушди саноати мамлакат ва пешрафти иқтисодиёти кишвар муваффақиятҳо таманно мекунам.
Хуҷанд бо маънои томаш шаҳри калони саноатист ва хоса бо корхонаҳои азими ресандагию бофандагӣ, рангуборкунию дӯзандагиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст. Муҳим он аст, ки аксари корхонаҳои саноати сабуки қаламрави шаҳр ба ашёи хоми беруна кам ниёзмандӣ доранд ва бештар барои истеҳсоли маҳсулот аз пахтаю пила ва чарми дохилӣ, ки аксаран дар хоҷагиҳои навоҳии вилоят омода мешаванд, истифода мебаранд. Таъсиси корхонаҳои саноати сабук бо сармоягузории ширкатҳои ватанию хориҷӣ, аз бузургтарини дастоварди таърих ва тақдири халқу миллат дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз пойдорӣ, устувории сулҳу амният ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, сарвари давлатамон, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Дар ҳамин замина дастрасии нисбатан бемамонияти ашёи хоми маҳаллӣ, фаровонии нерӯи корӣ ва таҷрибаи суннатии косибони асили хуҷандӣ, омили бобарории фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ин соҳа маҳсуб меёбан.
Тазаккур бояд дод, ки вобаста ба таҷдиди техники корхонаҳои соҳа, бештар ба кор даровардани корхонаҳои иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҷорӣ кардани технологияи навтарин, ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати сабук сол аз сол афзоиш меёбад.
Ҳамин тавр нақши соҳаи саноат, аз ҷумла корхонаҳои саноати сабук дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ободонию зебогии шаҳри мо басо назаррас аст. Умед ба он мебандем, ки коркунони ин соҳаи афзалиятноки иқтисодӣ минбаъд низ бо меҳнати пурмаҳсули худ дар рушди нумӯи шаҳру вилоят шукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Бори дигар иди касбиро барои аҳли заҳмати соҳа муборакбод мегӯям ва барояшон пирӯзиҳои кору зиндагӣ мехоҳам.
Идатон муборак бод!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                  Раҷаббой Аҳмадзода