(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар майдони Ситораҳои шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти 20 рӯзаи дуюми маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Тибқи натиҷагирии мусобиқа дар ин давра ноҳияи Спитамен мақоми аввал, ноҳияи Мастчоҳ ҷойи дуюм ва хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов зинаи сеюмро ба даст оварданд ва мутаносиб бо маблағҳои пулиро дар ҳаҷми 20 000, 10 000 ва 5000 ба даст оварданд. Дар бистрӯзаи дуюм пахтакорони спитаменӣ 6500 тонна, ноҳияи Мастчоҳ 12228 тонна ва ҷамоати Ғӯлакандоз 4438 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ намуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона як қатор чинакчиён, механизатор ва хоҷагиҳои фаъол бо малағҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ба шарафи ғолибони мусобиқа дар майдони Ситораҳои Хуҷанд Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони 20 рузаи дуюми маъракаи ҷамьоварии ҳосили пахта таҳният гуфта, аз навоҳии пахтакори вилоят даъват ба амал оврад, ки бо истифода аз ҳавои мусоид ҷиҳати беталаф ҷамъоварии пахта талош намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки аллакай 3046 хоҷагии деҳқонӣ ба марраи зафар расидаанд. Дар майдони пахтазори вилоят беш аз 53000 саҳмдорону ёрдамчиён фаъолона заҳмат кашида, ҳамарӯза беш аз 2000 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд. То ба имруз дар вилоят наздик 100 000 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки нақшаи дурнамои имсолаи пахтасупорӣ дар вилоят 129 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни чорабинӣ Раиси ноҳияи Спитамен Темур Нуъмонзода, раиси хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов Акмал Мансуров, сардабири маҷаллаи "Ноҳид" Дадохони Эгамзод баромад намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд