(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСанаҳои 8-9-уми октябри соли равон дар кишвари Тайланд бо иштироки 1600 нафар довталаб аз 70 кишвари олам Олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардида, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар олимпиадаи мазкур шаш нафар хонандаи фаъоли Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, ки даври интихобии озмунро гузашта, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд, ширкат варзиданд. Даври ниҳоии озмун тариқи онлайн сурат гирифта, дар натиҷа хонандагони литсей маҳорати баланд нишон дода, соҳиби мақоми ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, ду медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷиро ба даст оварданд.

Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова хонандагони зерин:

- Абулқосимов Абўбакр ва Турсунзода Юсуфҷон – хонандагони синфи 4-ум соҳиби медали тилло;

- Собирзода Меъроҷ, Абдуқодиров Мирзоибодулло ва Каримов Анўшервон – хонандагони синфи 7-ум соҳиби медали нуқра;

- Шамсиев Исматҷон – хонандаи синфи 8-уми муассиса бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ғолибон бо диплом, медал ва Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ сазовор гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки олимпиадаи байналмилалии математика ва робототехника таҳти унвони «International Math Challange» ҳамасола дар кишвари Тайланд аз ҷониби Мактаби байналмилалии Осиё ва Донишгоҳи байналмилалии Рангсити кишвари Тайланд ташкил ва баргузор карда мешавад.

Хонандагони болаёқати Тоҷикистон ҳамасола дар қатори 90 кишвари аъзои ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштироки фаъолона менамоянд. Имсол бо сабаби хуруҷи бемории сироятии коронавирус олимпиадаи мазкур тариқи онлайн фосилавӣ баргузор гардид.

Муборак бошад!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд