(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ирсоли як Паёми табрикотӣ аҳли эҷод ва техникии ШТР «Азия»-ро ба муносибати 20 солагии таъсисёбиашон табрику таҳният намуда, барояшон саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар талошҳояшон ҷиҳати таъмини фазои иттилоттии шаҳри Хуҷанд бурдбориҳо таманно доштааст.

Зимни дастрас намудани Номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кормандони ин расонаи бонуфузи шаҳрро бо 20 солагиаш табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки ШТР «Азия» аз аввалин расонаҳои мустақили Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки дар пур кардани фазои иттилооти шаҳри Хуҷанд хизмати босазо гузошта меояд. Нақшу эътибори телевизиони мазкур аз маҳорату истеъдод ва салиқаи касбии кормандонаш дарак дода, дар ин муддат дар дидаву дили мардум ҷой шуда, тамошобинони зиёдро ба худ фаро гирифтааст. Ҳамчун телевизиони устувор шинохта шудааст.

Дар номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷумла омадааст: “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид доштаанд, ки «Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рўзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист».

Маъруф Муҳаммадзода афзудааст, ки “ШТР «Азия» аз рўзи таъсисёбии худ то ба имрўз бо пахши барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ ба таври назаррас рушд карда, ҳамзамон ба мактаби бузургу ибратбахши журналистони ҷавон мубаддал гаштааст. Ҳамкориҳои мо дар сатҳи сифатан хуб ба роҳ монда шуда, ҳамарўза тариқи ШТР «Азия» вобаста ба рўйдодҳои шаҳрдорӣ, бахусус масоили иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ хабару гузоришҳо пахш гардида, дар ин самт расонаи мазкур нақши созанда ва пешоҳанг дорад».

Шаҳрдор изҳори умедворӣ намудааст, ки “Минбаъд низ муносибатҳои ҳамкории Маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ШТР “Азия” дар асоси ҳавасмандии дуҷониба тақвият бахшида, амиқтар ва мустаҳкам хоҳад шуд.

Аъзам Акбаров, директори кулли ШТР “Азия” аз ин таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори минннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки телевизиони “Азия” барои рушди ҳамкориҳои минбаъда бо шаҳрдорӣ ҳавасманд буда, барои инъикоси густурдаи ҳаёти минбаъдаи шаҳр ва баррасии мушкилоту муаммоҳои ба вуҷудомада ҳамеша дар канори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хоҳад буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд