(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо қарори сардухтури давлатии санитарии шаҳр, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова аз санаи 22.10.2020 фаъолияти як қатор марказҳои дилхушии шаҳр, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд.

Ин иқдом баъди хулосаи маводҳои муоина, санҷиш, мониторинги марказҳои дилхушӣ гирифта шуд ва таъкид шудааст, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст.

Тибқи қарори мазкур аз мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла милитсия даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати амалӣ шудани он мусоидат намоянд.

Дар асоси қарори номбурда марказҳои дилхушӣ баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва гузаштани муоинаи ҳатмии кормандони марказҳои дилхушӣ ба фаъолияти хеш идома мебахшанд.

Ёдовар мешавем, ки ду рўз қабл зимни натиҷагирии фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вазъи эпидемологӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз доштани фаъолияти марказҳои дилхушӣ бо мақсади эмини саломатии шаҳрвандон дастур дода шуда буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд