(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо раванди истеҳсолоти корхонаи “Суғдиён”-и Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» шиносоӣ пайдо намуданд, ки баъди пурра таҷдиду навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагӣ, рангу бори матоъ ва дигар лавозимоти зарурӣ фаъолияти муназзам дорад.

Дар корхонаи мазкур бо фароҳам овардани шароити мусоид занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоиши ташкилоту муассисаҳо дӯхти либосро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдиён» бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Россия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Белорус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар оянда маҳсулоти дӯзандагии ин корхонаи калони шаҳри Хуҷанд ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Айни замон дар корхонаи мазкур дар баробари дӯхти либосҳои зебою шинам барои кӯдакон ва калонсолон, ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ, инчунин барои кормандони НБО “Роғун” комбинзон ва мактабиёни шаҳри Хуҷанд френчҳои шинамро ба роҳ мондааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдоми роҳбарияти корхонаро ҷиҳати истеҳсоли либосҳои мувофиқ ба фаслҳои сол талаби замон дониста, тарғиби онро мувофиқи мақсад донист.

Бахусус истеҳсоли френчҳои шинам барои мактабиён либоси воридотивазкунанда буда, бо хусусиятҳои миллӣ ва бо сифати баланд истеҳсол карда шудааст.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.

Роҳбари вилоят ҳамчунин ҷиҳати дӯхти либоси босифат, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ва афзун намудани шумораи кормандон то ба 300 нафар ба масъулони корхона дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд