(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чанде моҳ қабл дар рузҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи нави дӯзандагӣ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯз фаъолияти муназзам дорад.

Дар коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ”Нассоҷи Хуҷанд” муосиртарин таҷҳизот ва технология, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Италия мебошанд, васлу насб гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” коргоҳи нави дӯзандагӣ, ки дар он асосан, истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст, таъсис доданд. Мақсад аз бунёди коргоҳи нави дӯзандагӣ то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.

Маҳсулоти коргоҳи навтаъсиси дӯзандагӣ аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ дар ду баст 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки 90 дарсади онҳо занону бонувон мебошанд.

Маҷмуъан дар корхонаи “Нассоҷии Хуҷанд” беш 280 нафар кормандон фаъолияти пурсамар доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ”Нассоҷии Хуҷанд” бо назардошти вуҷуд доштани имконияти фарохи заминаи истеҳсолӣ ва ашёи хом ҷиҳати тавсеъа бахшидани фаъолияти ва афзун намудани шумораи кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷи Хуҷанд” ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли либоси гуногун мавҷуд аст, ки барои коркарди пурраи пахта шароит ва майдони истеҳсолӣ имкон дорад. Ҳамарӯза то 3000 метр матоъ истеҳсол карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бобати тарғиби молу маҳсулоти корхона ба масъулини дахлдор супоришҳо дода, ба бозорҳои кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорусия ва як қатор давлатҳои Аврупо содирот намудани маҳсулоти босифат супоришҳо дод.

Бо назардошт нақша доранд, ки дар асоси шартнома содироти маҳсулоти худро ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ба роҳ монанд. Иттилоъ дода шуд, ки аллакай ба маблағи 64 000 доллари амрикоӣ барои дӯхти либосҳои мактабӣ аз ҷумҳурии Белоруссия фармоиш қабул карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ”Нассоҷии Хуҷанд” ҷиҳати дӯхти либосҳои мактабӣ барои хонандагони макотиби миёнаи шаҳр азм намуда, иқтидори корхонаро боло бардоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд