(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси вилояти Суғд дар оғози корҳои мумфаршкунии ду кӯчаи шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.Имрӯз дар ду кӯчаи маркази вилоят - кӯчаи Муродии Хуҷандӣ ва Шарқ корҳои мумфаршкунӣ оғоз ёфтанд.
Дар расми ифтитоҳи корҳои ободонӣ ва таъмир дар ин кӯчаҳо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки таъмири кӯчаҳои мазкур идомаи нақшаҳои Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси эълон гаштани «Соли 2014 - соли роҳҳои обод»аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мебошад.
Дар баробари ин Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иқдом намуд,.ки соҳибкорон ва шаҳрвандон низ барои корҳои ободонии маҳаллашон саҳмгузор бошанд. Соҳибкорони шаҳри Хуҷанд ин ташаббусро дастгирӣ намуда, чанде аз кӯчаҳои шаҳрро аллакай тариқи ҳашар асфалтпӯш намуданд. Мумфаршкунии кӯчаҳои Муродии Хуҷандӣ ва Шарқ низ бо маблағгузории муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегирад.
Дарозии ҳар кадоме аз ин кӯча зиёда аз як километр буда, ин аввалин таъмири куллии кӯчаҳои мазкур дар давоми 25 соли охир мебошад.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар баромади худ қайд намуд, ки мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯчаю гузари маркази вилоят то фасли сармо бояд таъмир гардад.
Мувофиқи барномаи таҳиягашта 2350 км роҳҳои вилояти Суғд то интиҳои сол бояд аз таъмир бароварда шаванд. Сокинони кӯчаҳои Шарқ ва М. Хуҷандӣ барои таваҷҷӯҳи доимӣ ва дастгирии ҳамешагӣ ба Раиси вилояти Суғд ва Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуданд.