(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШаҳри Хуҷанди бостонӣ бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 700 солагии Шоири номвари ҷаҳонӣ Камоли Хуҷандӣ қабои нав ба бар менамояд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии ки ҳар як сокини шаҳри Хуҷанди бостонӣ аст, ки маркази маъмурии вилояти Суғд дар баробари бунёду азнавсозии иншооти таъиноташ гуногун баҳри мардум имконот ва шароити арзанда муҳайё шуда истодааст.

Соли ҷорӣ аз оғози маъракаи мумфаршкунии як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва дохили маҳаллаҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандўст мумфарш карда шуданд.

Чанд рўз қабл иловатан бо дар маҳаллаи Чашмаи Арзана, дар кўчаҳои минтақаи саноатии шимолу шарқӣ як қатор кўчаҳо мумфарш гардида, барои равуои бемайлони ҳудуди корхонаҳо аз ҷониби Идораи хоҷагии роҳи шаҳр шароит муҳайё карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки бахши саноати шаҳр рушд намуда, дар ин ин минтақа боз як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гарданд.

Ҳамзамон дирўз аз тарафи Идораи хоҷагии роҳи шаҳри Хуҷанд роҳи кўчаи Солибой Ҳакимбоеви маҳаллаи Шарқ воқеъ дар ҳудуди беморхонаи шаҳрии №1, Маркази саратоншиносӣ ва беморхонаи бемориҳои қанд то ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурра мумфарш карда шуданд. Ин ҳама иқдом имкон медиҳад, ки барои шаҳрвандон баҳри рафту омади бесосеб мусоидат намояд. Сокинони маҳалла ва идораву ташкилотҳои кўчаи мазкур аз ин икдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон барои боз хам зебо намудани кўчаи худ намои хонаву бинои худро хуштарҳ намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки бошандагони пуршарафи маҳаллаҳои шаҳрро лозим аст, ки хонаву дар ва кӯчаю маҳаллаҳои хешро бо тарҳи милливу муосир обод намоянд, то ин ки сайёҳони хориҷӣ аз қадимию фарҳангӣ будани миллати кӯҳанбунёди мо бештар маълумот баранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд