(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боз 143 нафар имкони шароити манзили худро беҳтар карданро пайдо намуданд.Субҳи имрӯз дар маҳаллаи 14-уми маркази вилоят барои 143 нафар эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ тақсим карда дода шуд. Дар маросими тантанавӣ ба ин муносибат Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд ҳамаи онҳое, ки имрӯз имкони беҳтар намудани шароити манзили зистро пайдо намуданд, табрик намуда, қайд намуд, ки ҳоло мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи «Сомғор» - ноҳияи Б. Ғафуров зиёда аз ду ҳазор гектар замин барои бунёди маҳаллаҳои нав ҷудо карда хоҳад шуд. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд наздик 3 ҳазор шаҳрвандон дар навбати беҳтар намудани шароити манзил истодаанд. Дар сурати сари вақт амалӣ гаштани нақшаи номбурда, то панҷсоли минбаъда муаммои таъминоти сокинон бо манзили зист комилан ҳалли худро хоҳад ёфт. Тибқи нақшаи сохтмонӣ дар маҳаллаҳои 14-ум ва 15-ум сохтмони 4 боғчаи бачагона барои 280 нафар кӯдак, чаҳор мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1250 хонанда, 10 майдончаи варзишӣ, 4 маркази саломатӣ чойхона ва дигар марказҳои хизматрасонию маишӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба сокинон тариқи қурапартоӣ макони манзилашон муайян гардида, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳодатномаи истифодаи замин супорида шуд.