(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Валиҷон Хоҷазода ва сардори гуруҳи Авангарди ҷумҳурӣ Фирўзи Маҳмадулло баргузор гардид.

Зимни мулоқот роҷеъ ба саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвар ва таъмини амнияти ҷомеа маърўзаҳо баён гардиданд.

Таъкид шуд, ки барои миллати тоҷик дар ҳақиқат дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ як шахсияте ба сари саҳнаи сиёсат омад, ки ӯ тавонист Ваҳдати миллиро барқарор намояд ва сарнавишти ояндаи миллатро муайян созад. Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як ҳодисаи муҳиме дар таърихи миллати тоҷик буд. Яъне бо вуруди ин шахсият ба саҳнаи сиёсат ҳама низоъҳо ва муноқишаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мушаххас ба вуҷуд омада буд маҳз бо талош ва кӯшишҳои ин абармард онҳо бартараф гардиданд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз дар мамлакат Ваҳдати миллӣ ҳукумфармост.

Зикр гардид, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рўзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тўли чаҳоряк соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии ватан, раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муасссаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Аҳли мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст.

Умуман, фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ фарогири дастовардҳои беназиру бештар аст. Агар ҳамаи он дастовардҳоро огоҳона баҳогузорӣ намоем дарк мекунем, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудаанд. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардид, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд