(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСокинони шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу фараҳмандӣ ва ифтихор аз худшиносиву худогоҳӣ Рўзи Рўдакиро дар майдони муҷассамаи ин шоири бузург воқеъ дар назди Кохи «Суғдиён» мутантан таҷлил намуданд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд зимни ироаи номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла афзуд, ки «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз саромадони шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бо назми оламгир ва нотакрори худ ҳамчун тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари насли ҷавон ба сӯи созандагиву офарандагӣ мақому ҷойгоҳи шоистаро сазовор аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили ин санаи фархунда барҳақ таъкид намудаанд: “Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазору садсолаи тамаддуни миллати мост”.

Таъкид шуд, ки офаридаҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла тарғиби ахлоқи нек, тараннуми табибати нотакрор, дӯст доштани ҳаёт, андӯхтани илму маърифат, анҷом додани некию некӯкориро дар бар гирифта, ҳамчун чароғи равшан роҳи башариятро ба сӯи ояндаи дурахшон мунаввар сохтааст. Каломи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайвандгари наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, бо арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, илмиву фарҳангӣ ва таърихӣ ойинаи босафои зиндагии ҳар кадоми мову Шумо мебошад. Маҳз тавассути осори безаволи устод Рӯдакӣ забони тоҷикӣ дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё дома густурда, асолати худро нигоҳ доштааст. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни номаи шодбошии бахшида ба Рўзи Рўдакӣ гуфт, ки бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати тамоми мардумони олам аст, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рўдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рўдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ў зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки Рўдакӣ суханварест, ки ҳанўз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст. Ўро муосиронаш ҳангоми дар ҳаёт буданаш чун пешвои аҳли адаб шинохтаанд. Унвонҳо ва лақабҳои ифтихории қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми фарсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун Устод пазируфта шудааст. Устод Рўдакӣ ба ин мақоми баланд дар натиҷаи фаъолияти фидокорона дар ташаккул, устувор гардидан ва такомулу тараққӣ додани назми оламгири тоҷикӣ сазовор гардидааст. Барои сазовор қадр кардани хизматҳои бузурги устод Абўабуллоҳи Рўдакӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22 сентябр «Рўзи Рўдакӣ» чун чашни умумимилии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рўзи Рўдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрўзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад. Дар ин замина, барои ҳар нафар сокини шаҳри Хуҷанд бахусус насли наврасу ҷавон, ворисони арзандаи Оли Сомону Рўдакии бузург гиромидошти осори безаволи шоир ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад, зеро баҳрамандӣ аз шарафу эътибори аҷдод ба мароми худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, созандагиву бунёдкориҳо, ободониву эҷодкориҳо вусъат ва таҳким мебахшад.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод чанд намуна аз ашъори тозаэҷоди худ дар бораи қофиласоолри адабиёти форсу тоҷик Устод Абўабдуллоҳ Рўдакиро қироат намуд.

Маҷмуъи сурудҳои дилангез бо ашъори Устод Рўдакӣ аз ҷониби устодони санъат ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд