(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 22-юми сентябри соли равон соати 17:00 дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки аҳли зиё ва алоқамандони шеъри қофиласолори адабиёти классикии тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Мавзеъи чорабинӣ назди пайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муайян гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд