(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ доред, санаи 16 сентябри соли равон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил карда шуд, дидан карданд. Дар намоиш ҳунармандони чирадасти шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсули дастранҷи худро муаррифӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати занону бонувони хушсалиқаи вилояти Суғд баҳои баланд доданд.

Дар ин намоиш ҳунарманди хушсалиқа аз шаҳри Хуҷанд Матлуба Ниёзова маҳсули эҷоди хешро муаррифӣ намуда, сазовори баҳои баланди Роҳбари Давлат гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд