(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ УСТУВОР БОД!

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва имсол мо 29-умин солгарди онро таҷлил менамоем.

Ин ҷашни бузурги миллатро ба кулли сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд самимона табрик гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Воқеан, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ ва неъмати бебаҳо барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ба мо имкон дод, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро ташаккул диҳем, арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбатҳояшон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад».

29 сол дар назди таърих чандон фосилаи калон нест, аммо тӯли ин солҳо Тоҷикистони азиз, ин Ватани маҳбуби мо бо густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба дараҷае вусъат ёфт, ки воқеан, халқи ҷаҳон бар ин ҳама қоил аст. Ин ҳама шукӯҳу шаҳомат, дӯстию рафоқат байни сокинони шаҳр ва кишвар аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ҳама сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон аст ва ҳар фарди бонангу номуси миллат метавонад ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшида бошад.

Ҳамзамон, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ нуфузу эътибори кишвари тоҷикон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ибтикороти Пешвои миллати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозию дастгирӣ меёбад.

Боиси ифтихору шодмонист, ки чун тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, шаҳри куҳану ҳамешаҷавони Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯз аз рӯз ободтар гардида истодааст. Бунёди иншооти таъиноташ гуногун ва корхонаҳои истеҳсолӣ, вусъати ҳунарҳои мардумӣ, дастгириҳои муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва табобатӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд, ки ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиндагии сазовори мардум нигаронида шудаанд.

Боиси таассуф аст, ки имсол аҳли башарро бемории коронавируси навъи COVID-19 чун имтиҳони бузург фаро гирифт ва ман эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдилию ҳамбастагӣ бар ин беморӣ ғалаба хоҳем кард ва бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем. Қудрати мо, пойдории истиқлолияти давлатии мо дар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.

Бори дигар мардуми шарафманди Хуҷандро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо рӯзгори орому осуда, хонаи ободу дастархони шод ва иқболу сарбаландӣ орзу менамоям.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!