(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода чорабинии тантанавии супоридани Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба 145 нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ироаи номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла изҳор дошт, ки “Роҳи таърихии халқи мо дар муддати бисту нуҳ сол роҳи осон набуд, зеро кишвари азизамон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи мухолифатҳои шадиди дохилӣ дар ҳолати парокандагӣ қарор дошта, душманони миллат мехостанд, ба ҳар роҳу восита давлати навбунёди тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв созанд. Хушбахтона, бар хилофи нерӯҳои ҷудоихоҳ, хоинони миллат ва бархе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеа таҳти парчами муттаҳидию ягонагӣ сарҷамъ гардида, ҷиҳати расидан ба истиқлоли комил ва ваҳдати миллӣ талош варзиданд. Дар натиҷаи фароҳам омадани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки арзишҳои бисёр азизу муқаддас маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти он вазифаи ҳар шаҳрванди бонангу номус маҳсуб меёбад, заминаҳои боэътимоди барпо кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик ва оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат унвон намуда, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид аз ҷумла доштаанд, ки “Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд”.

Воқеан ҳам, Истиқлолият ганҷи бебаҳо ва неъмати азизтарин барои мардум аст. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бисту нуҳ соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест. Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем таҳти роҳбарии Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем. Дар тӯли солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имкониятҳо сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»

Таъкид шуд, ки агар ба марҳилаи рушди 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад. Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори мамлакат – Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Шаҳрдор зикр дошт, ки обод гардидани садҳо километр роҳҳо, бунёд ва ба истифода додани ҳазорҳо иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои муҳим ва ифтихорманди солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд. Дар маҷмўъ дар шаҳри Хуҷанд имрўз бо шарофати ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд карда истода, барои таъмини зиндагии шоиста ба мардум заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Албатта ҳамаи ин тараққиёт аз азму иродаи қавӣ ва меҳнати софдилонаи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю идораҳои шаҳр мебошад, ки имрўз заҳмати онҳо аз ҷониби Давлату Ҳукумат қадрдонӣ мегарданд.

Дар анҷоми суханронии суханронии худ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳор дошт, ки имрўз беш аз 140 нафар кормандони касбу кори гуногун, аз қабили кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, омўзгору табиб, бинокору роҳсоз ва даҳҳои дигар баҳри саҳми арзанда гузоштан ба пешрафту ободонии шаҳрамон бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд. Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои таърихии 5500- солагии Саразми бостонӣ, 700- солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба 145 нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд