(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд Ситоди сайёри навбатии вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо масъулини соҳаи тандурустӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ бо ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, роҳбарони соҳаи тандурустии шаҳру вилоят баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, сардухтурони Марказҳои саломатии шаҳр ва дигар хадамоти соҳаи тандурустӣ оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» пурсиш ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни Ситод таъкид шуд, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил рияо нашудаи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимоли паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ин самт ҳар як масъулин, дар навбати худ тамоми шаҳрвандон вазифадоранд, ки барои пешгирии мавҷи дуюм боэҳтиёт бошанд. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳрро муваззаф намуд, ки барои пиёда намудани тадбирҳои пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаъол бошанд ва ҳамарўза дар маҳаллаҳо ситод ташкил намуда, ҳамаруза ҷаласа гузаронида, дар ҷараёни мубориза бо беморӣ ва табобати сокинон бошанд. Робитаро бо марказҳои саломатӣ тақвият бахшанд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилоят масъулини соҳаро ҷиҳати иҷрои масъулияти бардӯшдошта муваззаф гардонида, ба ҷаласаи Ситоди вилоятӣ ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд