(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат гирифт.

Сармутахасиси шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ҷўразода зикр намуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339, қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 марти соли 2020 №104 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 171 аз 15 апрели 2020 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон дар тамоми муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, идораву корхонаҳо, маҳаллаҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд даври аввали он ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин давра ҳазорҳо довталабон ширкат варзида, баъди натиҷагирӣ ба даври шаҳрии он роҳхат гирифтанд.

Таъкид шуд, ки санаҳои 23-24-уми июли соли равон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат гирифт, ки дар он 72 нафар довталабон, аз ҷумла 4 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 26 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 2 нафар донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 33 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 нафар калонсолон ва 13 нафар намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамин тавр, Комиссияи босалоҳияти озмун иборат аз 13 нафар, дониш, малака ва маҳорати китобхонии ҳар як довталабро шаффофона санҷида, лаёқат, малака ва маҳораташонро таҳлил ва натиҷагирӣ карда, дар асоси Низомномаи озмун тибқи номиннатсияҳои озмун ғолибонро муайян намуданд. Аз миёни довталабони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барандагони Шоҳҷоиза ва тибқи номиннатсияҳои озмун 33 нафар ғолибон муайян гардиданд.

Ба ғолибони озмун Диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамин тавр, миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”: Ҷойи якум – Дӯсталиева Гулдаста хонандаи синфи 6, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, ҷойи дуюм – Фарҳодзода Сумая хонандаи синфи 5, гимназияи №1 ва ҷойи сеюм – Комилҷонова Мухлиса хонандаи синфи 5, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” Муродова Нозанин хонандаи синфи 10, муассисаи давлатӣ барои хонандагони болаёқат, Шодвари Бахтиёр хонандаи синфи 10, литсей барои хонандагони болаёқат ва Қобилова Мунаввар, хонандаи синфи 8, гимназияи №24 ва номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳо” Азизов Муҳаммадсолеҳ Муассисаи таълимии томактабии №20, Аҳадов Абдуаҳад хонандаи синфи 4, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, Расулӣ Самия –муассисаи таълимии томактабии №33, Алламуродова Суман, Муассисаи таълимии томактабии №24, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” Қӯзибоева Лайло хонандаи синфи 4, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, Мамадҷонова Нигина хонандаи синфи 10, гимназияи Гёте ва Бобокалонова Малика хонандаи синфи 9, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 мутаносибан ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистро, аспирантҳо, докторантҳо) дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик” Шарофова Шодмонбибӣ – докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдуқодирзода Фараҳноз – донишҷӯи бахши якум, факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ашӯров Ҷавоҳир – донишҷӯи бахши 2, факултети филологияи тоҷик, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” Шодмонзода Покиза – донишҷӯи бахши 2, факултети филологияи тоҷик, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Юнусалиев Умед – донишҷӯи бахши 2, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ортиқов Отабек – донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” Дадобоева Манижа – донишҷӯи бахши 4, факултети сиёсатшиносӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес сиёсати Тоҷикистон, Мирзоева Ҳакима – донишҷӯи бахши 3, факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогии махсус, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Раҳматуллоева Дилрабо – донишҷӯи бахши 3, факултети муҳандисӣ-технологӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик Имориддинов Сарфарозиддин - омӯзгори Литсей барои хонандандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, Мирзоева Адиба – рӯзноманигор, мухбири маҷаллаи «Паёми Суғд» ва дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик” Атаева Мамлакат – дотсенти кафедраи забони русӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Шерматов Умедҷон – сокини шаҳри Хуҷанд, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳо” Мунавварова Барно – соҳибхоназан, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” Мирзоева Дилбар – дотсенти кафедраи забони русӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Бобоев Сайфулло – хонаи пиронсолон мутаносибан ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Олимова Шоира – докторанти соли 2, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ӯрунов Беҳрӯз – донишҷӯи бахши 3, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Мирниёзов Абдухолиқ аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон миёни довталабони номинатсияи шоирӣ ғолиб шуданд.

Шоҳҷоизаи озмун насиби Муллобоева Зебо – донишҷӯи бахши 4, факултети филологияи тоҷик, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардида, бо Диплом ва 3000 сомонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои қадршиносии ғолибон тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд беш аз 50000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд