(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз рейди муштараки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо дигар мақомоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт бо мақсади назорати реҷаи ниқобӣ, риояи талаботи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт.

Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки бархе ронандагони микроавтобусҳо, ёварони онҳо, мусофирон то ҳол реҷаи ниқобӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд ва нисбати ин масъала хунукназарона рафтор менамоянд. Бемасъулиятии ронандагон то дараҷае, ки мусофиронро бениқоб ба микроавтобус ва ё автобус савор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза бо пиёда сохтани корҳои фаҳмондадиҳӣ мардумро ба риояи бечунучарои реҷаи ниқобӣ даъват менамоянд.

Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии короновирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби мақомоти марбута чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 пурзўр гардида, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ корҳои тарғибу ташвиқот амалӣ шуда, шаҳрвандонро водор намуда истодаанд, ки барои ҳифзи саломатиашон ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд.

Дар натиҷаи рейди муштарак дар баробари анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбати якчанд нафар ронандагон ва мусофирон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват менамояд, ки беҳдошти ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемории короновирус эмин доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд