(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 100 солагии ёдбуди академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.

Директори донишкада Дилафрўз Саидӣ конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни шахсиятҳои варзида ва соҳибнок, ки миллати моро ба таври шоиста ба оламиён муаррифӣ намудаанд, ҷойгоҳи хосса дорад. Дар қатори чунин чеҳраи мондагори таърихӣ хизматҳои олими номвар, инсони покизасиришт, фарзанди фарзонаи миллат академик Муҳаммад Осимӣ, ки муддати 23 сол вазифаи Президенти Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доштанд, хеле калон мебошад.

Сипас, Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки корнома ва ташаббусҳои академик Осимиро имрӯзҳо олимону равшангарони тоҷик, ки аксари онҳо дастпарварони мактаби бузурги ӯ ҳастанд, идома дода истодаанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ин олими неруманд гузоштанд. Ҳамин тавр, хотираи неки Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми Тоҷикистон абадӣ мемонад. Ҳаёт ва фаъолияти фарзанди баруманди миллати тоҷик- академик Осимӣ, хидмати ӯ дар пешрафти шарқшиносии тоҷик ва ҷаҳон, пешравии илми бунёдӣ, саҳми олим дар рушди илмҳои гуманитарӣ, пешрафти илму маориф ва нақши ин донишманди камназир дар ташаккули забони баёни китобҳои дарсии физика, ҳамчунин сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти физика дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маърўзаи худ таъкид дошт, ки соҳаҳои илму маориф аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба ин самтҳо афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ин ду соҳа дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як имконияти ҷойдоштаро бо азми хирадмандӣ ва кордонӣ ба роҳ монда, барои беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони кишвар равона месозанд. Ва ҳамеша мардуми шарифи Тоҷикистонро ба рушду шукуфоии кишвар ва фардои дурахшон раҳнамун менамоянд. Сарвари давлат дар мулоқотҳояшон бо олимону пажӯҳишгарони ватанӣ вобаста ба рушди илм ва тақвияти таҳқиқотҳои илмӣ пешниҳодҳои қобили таваҷҷуҳ ва такконбахшеро дар миён мегузоранд, ки аз ҷониби аҳли зиё мавриди истиқболи гарму самимӣ қарор мегирад. Гузашта аз ин қадршиносии Арбобони давлатӣ, ситораҳои илми тоҷик, муаррифгарони илми тоҷик дар хориҷи кишвар аз дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Баргузории конфронси имрўза бахшида ба 100 солагии ёдбуди фарзанди фарзонаи миллат, академик Муҳаммад Осимӣ аз намунаи олии ин сиёсат гувоҳӣ медиҳад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки миллати моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои олимону адибонаш мешинохтанд. Дар ҳамаи давру замонҳо олимону адибони тоҷик машъалафрӯзи ҳаёти мардум буданд ва роҳи тараққию созандагиро мунаввар месохтанд. Ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолӣ низ олимон дар хизмати халқу ватани худ буданд ва ҳастанд. Онҳо ҳамеша барои пешрафту тараққӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва болоравии эътибори давлатамон дар сатҳи байналхалқӣ кӯшиш менамоянд. Яке аз чунин нафарон олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ мебошад, ки дар тӯли фаъолият ва ҳаёти пурбаракат барои рушд ва нумуи соҳаҳои мухталифи илм саҳми арзанда гузоштааст.

Ба таъкиди Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода академик Муҳаммад Осимӣ шахсиятест, боиси ифтихор ва намунаест нотакрор. Собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, лаурети Мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неру, Раиси Ассотсиатсияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ, асосгузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ академик Муҳаммад Осимӣ аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллати тоҷик арзёбӣ мегарданд. Мавсуф бо маҷмуъи ибтикор ва пайкорҳои худогоҳонаю худшиносона, тафаккури созандаву миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд, дорои хазинаи бузурги маънавиёту адабиёт ва таърихи рангини омўзанда муаррифӣ намудаанд. Саъю талоши академик Муҳаммад осимӣ буд, ки бар пояҳои таҳкиими давлатдории миллӣ, низоми илмҳои дақиқ асоси воқеъӣ гузошта шуд.

Зикр шуд, ки мақоми илми тоҷик дар давраи роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ хеле боло рафт, ба таври назаррас рушди илмҳои бунёдӣ ва гуманитарӣ, инчунин омода кардани кадрҳои илмӣ ва хидмати ин олими барҷастаи тоҷик дар рушди илми академикӣ ба мушоҳида расид. Ин олими барҷастаи тоҷик тӯли 23 сол дар вазифаи басо мушкил, вале пуршарафи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон хидмат кардаанд. Замони роҳбарии ӯ дар Академияи илмҳои Тоҷикистонро метавон замони илму маърифат ва пешравии илми тоҷик ном бурд. Ин арбоби шинохтаи илму маърифати миллати тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо ҳамчун олим ва таблиғгари илму фарҳанги Тоҷикистон, балки таҳқиқгари таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Шарқ эътироф мекунанд. Бояд қайд намуд, ки академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун олими файласуф ва заковатманд барои боло бурдани обрӯю эътибори миллати тоҷик ва илми академикӣ мубориза бурданд. Он кас на миллатчӣ, балки миллатдӯсти асил ва интернатсионалисти воқеӣ буданд. Тамоми фаъолият ва осори устод Осимӣ ба ҳайси як олими шарқшинос ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамгироии илмӣ ва таъсири мутақобилаи самарабахши фарҳангҳо бахшида шуда буд. Асарҳое, ки аз устод Осимӣ боқӣ мондаанд, бештар бо тарҳи проблемаи илмӣ, дарбаргирии маъхазҳои аслӣ ва дар назар гирифтани дурнамои илмӣ фарқ мекунанд. Бинобар ин, онҳо ҳамеша дорои аҳамият мебошанд ва дар ганҷинаи маънавии миллати тоҷик ҷойгоҳи хосса доранд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ин олими барҷаста на фақат дар таърихи илми академии тоҷик, балки дар бунёд намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таълимӣ, сарварию баргузоркунии бисёр ҳамоишҳои сатҳи баланди фарҳангӣ хидмати мондагор намудааст. Дониши васею назари таҳлилии ӯ дар ҷараёни баргузории ҳамоишҳои бонуфузи илмию адабии дар Тоҷикистон, Иттиҳоди шӯравӣ, кишварҳои Шарқи Миёнаю Наздик, Аврупо баргузоршуда назаррас буданд ва иштирокдорон ӯро ба сифати донишманди назарфароху таҳлилгар, дорои диду хоси олимона мепазируфтанд.

Бо изҳори таассуф таъкид шуд, ки барои ҳеҷ кас пӯшида нест, дар даврае, ки мардум, ҳанӯз шаҳдҳои нухустини истиқлолиятро мечашиданд, неруҳои бадхоҳ, аз ҷумла ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, фаъолиятро дар Тоҷикистон аз бедодгарӣ, қатлу ғорати ашхоси номвару муътабар оғоз кард. Аз ҷумла, онҳо академик Муҳаммад Осимиро, ки ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони тирагуни дилу дидаи онҳо буд, ваҳшиёна аз байн бурданд, то ба ин роҳ - яъне аз байн бурдани олимони забардасту саромадони илм ва ходимони сиёсиву фарҳангӣ теша ба решаи миллат зананд. Сад шукр, ки ба туфайли ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ғолиб омаду тири ин неруҳои аҳриманӣ хок хӯрд, вале даҳшате, ки хиёнаткорони наҳзатӣ ба сари давлату миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок ва то абад ҷуброннопазир хоҳад буд. Давлату Ҳукумат академик Муҳаммад Осимӣ барои хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени Ленин, ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Револютсияи Октябр», «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст. Вале аз ҳама мукофти баланд обрўву эътибори хосса дар замири ҳар як сокинони Тоҷикистон мебошад, ки мавсуф ҷой гирифтаанд.

Дар анҷоми маърўзаи худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд, ки академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун шахси соҳибмаърифат, хирадманд, эҷодкор, меҳрубону фидокор дар чун идеал барои насли ҷавон интихоб шуда, ҳазорҳо нафар шогирдонашон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварамон кору фаъолият бурда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд ва бешак, номбардори устоди худ ҳастанд. Умедворем, ки он нақшаву омоли иҷронашудаи Устодро шогирдон ва пайравони он кас сарбаландона ва муваффақона ба нафъи Давлату Ҳукумат ба сомон хоҳанд расонд.

Сипас, тибқи барномаи конфронс профессор Мақсудҷон Миробоев, дотсент Дилбар Ҷўраева, профессор Туғрал Шокиров, дотсент Шавкат Шарипов доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии ибратбахши академик Муҳаммад Осимӣ маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Сарвархон Осимӣ-духтари академик Муҳаммад Осимӣ барои ташкили чунин конфрони сатҳи баланд ва таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат ба кору пайкори анчомдодаи қиблагоҳашон арзи миннатдории пайвандонро расонд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд