(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандон ва собиқадорони соҳа чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи касбии табибон баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба самъи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Давлату Ҳукумат аз рўзҳои аввали Истиқлолия ҷиҳати рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафмандонаи ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст. Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ, дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар беҳтар гашта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.

Маҷнун Орипов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд кормандони соҳаро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Чанде қабл бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо Амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳамзамон бо ин, барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани беморхонаҳо зиёда аз 11 миллион сомонӣ ҷудо карда, сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ расонида шуд. Инчунин бо мақсади мубориза ба муқобили коронавирус суратҳисоби махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз аз ин суратҳисоб беш аз 4 миллион сомонӣ барои харидории доруворӣ ва таҷҳизот сарф гардидааст. Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 13,4 миллион сомонӣ доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ харидорӣ шудааст. Ин ҳама ғамхориҳо моро водор месозад, ки ба касби интихобнамудаи худ содиқона муносибат намуда, баҳри солимии аҳолӣ саҳмгузорӣ намоем.

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки мо муваззафем, ки барои беҳтар намудани солимии шаҳрвнадон, ки сарвату боигарии бебаҳои давлат аст аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, бо масъулияти баланду ҷиддӣ фаъолиятамонро идома бахшем.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва дигар мақомоти шаҳрдорӣ, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи короновирус ба касби худ садоқат нишон доданд сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд