(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи қарори Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси «Covid-19» бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми ин вабои аср аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо таъсиси 3 адад гуруҳҳои корӣ дар марказҳои бузурги савдои шаҳр, ки асосан ба фурўши маҳсулоти озукаворӣ машғуланд, рейдҳо гузаронида шуданд.

Маълум гардид, ки то ҳол соҳибони мағозаҳои озуқаворӣ (аз овардани номҳо, бинобар латма ворид нашудан ба фаъолияти минбаъдашон худдорӣ менамоем. М.Ю.) нисбати пешгирии бемории короновирус бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба саломатии шаҳрвандон хатар эҷод намуда истодаанд. Бекор шудани карантини мулоим онҳоро водор сохтааст, ки нисбати пешгирии бемории короновирус ягон тадбир наандешанд ва беаҳамиятиро пеша намудаанд, ки оқибати он ҷуброннопазир аст. Набояд фаромуш кард, ки барои Давлату Ҳукумат саломатӣ арзиши олӣ дорад.

Ҳолати сироятёбӣ ба эътидол омада бошад, ҳам ҳар лаҳза эҳтимоли хуруҷи дигарбораи он вуҷуд дорад. Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки дар мағозаҳои бузурги озуқаворӣ то ҳол риоя нашудани оддитарин талаботи беҳдоштии мизоҷон, аз ҷумла набудани монеаи дизенфексионӣ, насанҷидани тасфи бадан, безарагардонии дастону аробачаҳо, сабадҳои харид ва ғайраҳо ба чашм мерасанд.

Дар нуқтаҳои фурўши маҳсулоти гўштии ин мағозаҳо истифода шудани як корд дар ду навъи маҳсулот: хом ва пухташуда ба мушоҳида мерасад. Фурўшандагон оқибати ин амалашонро дуруст дарк намекунанд, намедонанд, ки дар чунин ҳолат ба саломатии шаҳрвандон хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаашон мумкин аст. Бидуни дастпўшак фаъолият намудани фурўшандаҳо, бениқоб ворид шудани мизоҷон, тибқи талабот ҷойгир накардани маҳсулот дар рафҳои мағоза аз камбудиҳои ҷиддии мағозаҳо буданд.

Маълум гардид, ки аксари фурўшандагони мағозаҳо дафтарчаи тиббӣ надоранд ва ё дафтарча ноқисиҳои зиёд дорад. Як фурўшанда бидуни қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар якчанд бахшҳои озуқаворӣ хизматрасонӣ мекунад, ки тибқи талаботи вазъияти имрўза он қатъиян манъ аст. Бархе маҳсулоти тезтайёр ва зудвайроншаванда нишонии аниқи истеҳсолкунанда надоранд ва маълум нест, ки дар кадом ҳолат ва вазъият тайёр шудаанд.

Гуруҳҳои корӣ зимни ин рейдҳо фаъолияти 3 адад мағозаҳои муваққатан то баратараф намудани камбудиҳояшон, қатъ намуданд. Нисбати 15 нафар кормандони марказҳои савдо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар бархе мағозаҳо бо эълони соати гигиенӣ дар ҳузури кормандони Марказаи назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Баргузор намудани чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки соҳибкорон масъулияти ҷиддӣ пеша намоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки эпидемияи COVID-19 дар бисёр кишварҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи фаъол қарор дорад. Муҳим ин аст, ки мо пас аз карантини сартосарӣ фаъолияти худро ҷиҳати барқарорсозии ҳаёти муқаррарӣ идома дода истодаем, вале ин маънои онро надорад, ки мо қоидаҳои беҳдоштиро фаромўш ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро накунем.

Баръакс соҳибкорон бо масъулият ҷиддӣ амал намуда, баҳри саломатии худу кормандонашон ва мизоҷонашон тадбирҳои беҳдоштии ҳамарўза андешанд. Эшон бояд ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд, зеро як омили сироятёбӣ ба садҳо нафар мизоҷон ва худи кормандони ин мағозаҳо таҳдид менамояд. Фаромўш насозем, ки сатҳи хатар ҳанӯз ҳам баланд аст ва хуруҷи мавҷи дуюми беморӣ бинобар риоя нашудани талаботи пешбинишуда, шароити имрўзаи мардумро муташаннич менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд