(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабинии идона.

Бахшида ба Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси идона баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ хизмати арзандаи кормандони соҳаи хоҷагию коммуналиро қайд намуд.
«Вобаста бо вазъияти болоравии нархи маводҳои хӯрока дар бозорҳо бо дастгири ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар вақтҳои мавсимӣ чораҳои зарурӣ нисбати ташкили ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамасола ташкил карда мешавад, ки дастурхони мардум аз маводҳои аввалиндараҷа ғанӣ гардад ва барои танзими нархи бозор таъсир расонад».


Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабинии идона.Оғози муваффақонаи марҳилаи сеюми лоиҳаи бо оби ошомидании бо сифат таъмин намудани сокинони соҳили рости шаҳр бо маблағи 10 миллион доллар, гузоштани наздик 150 қуттиҳои партов, дар сатҳи баланд иҷро гаштани нақшаҳои «Соли гулкорӣ ва ободкорӣ» дар маркази вилоят, баланд гаштани сифати хизматрасонии мағозаҳои шаҳр ва риояи низоми нархгузорӣ дар онҳоро аз қисматҳои муҳими фаъолияти назарраси кормандони соҳа зикр намуд.
Ба 40 нафар собиқадорони соҳа, кормандони фаъол аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз номи кулли кормандони соҳаи номбурда, Раҳмат Бурҳонов Директори гурӯҳи иҷроиши лоиҳаи Корхонаи вохиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» барои дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сипосмандии кормандонро расонда ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода китоби таърихномаи идораи «Хуҷандобуканал», «Қадри об»-ро тӯҳфа намуд.