(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам!

Толибилмони азиз!

Шумо ва дар шахси шумо кулли алоқамандони илму маорифро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик намуда, ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳои бузург ва ба шогирдон фатҳи қуллаҳои баланди донишро таманно менамоям.

Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф эътибори махсус дода, барои пешрафти ин соҳаи афзалиятнок тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Таҷрибаи мавҷудияти инсоният собит месозад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад, бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзиш- ҳои миллӣ тарбия намудани насли ояндасоз вазифаи ҷонии устод, омӯзгор ва мураббӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, барои расидан ба ин ҳадаф ба шумо, устодону омӯзгорон комёбиҳои беназири эҷодӣ орзу дорам.

Соли ҷорӣ аз сабаби дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, дар кишвари азизамон паҳн гардидани бемории коронавирус навъи COVID-19 Рӯзи дониш ба 17-уми август рост омад. Албатта, он рӯз дур нест, ки ҳамаи мо дар сарҷамъию муттаҳидӣ бар ин бемории сироятӣ ғолиб меоем ва ба зиндагии босаодати хеш идома мебахшем.

Чун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз меёбад, зеро ду мафҳум - дониш ва сулҳ бо ҳам тавъам мебошад. Ин аст, ки бо дониши қавӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи 29-солагии он қарор дорем, ба садсолагиву ҳазорсолагӣ хоҳад расид. Ҳифзи сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ аз остонаи кӯдакистонҳову мактабҳои миёна ва олӣ сарчашма мегирад ва дар ин кори муқаддас саҳми шумо, устодону омӯзгорон ва мураббиён хеле калон аст.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба нахоҳад расид. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Умед мекунам, ки шумо, омӯзгорону устодони муҳтарам минбаъд низ ба рисолати хеш содиқ мемонед ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми босазои хешро мегузоред.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар оғози соли нави таҳсилро ба кулли устодону омӯзгорон, шогирдону донишҷӯён табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии комил, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи пуршарафу пурмасъули тарбияи насли наврас барору комёбиҳо таманно менамоям.

Соли нави таҳсил муборак, азизон!