(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба оилаҳои камбизоат ва дастгирии онҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ тадбирҳои ибратбахш амалӣ карда мешаванд.

Субҳи имрўз бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи меҳр" ба 30 оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш такдим карда шуд.

Таъкид шуд, ки хайрхоҳиву дастгири бенавоёну бечорагон, қишри осебпазири ҷомеа будан беҳтарин хислатҳои некӯии инсонӣ мебошад, ки Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар як баромадҳояшон ироа менамоянд.

Дар ин росто зикр градид, ки волидайн ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" бештар масъулияти эхсос намуда, фарзандони худро дар рўҳияи ватандустию хештаншиносӣ тарбия намоянд, то онхо дар оянда ба модар, халку Ватани хеш содиқона хизмат кунанд.

Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, фазои озод, сулҳу субот, ваҳдат дӯстиву муҳаббат ва кӯмаку дастгирии байниҳамдигарӣ дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш ёфта истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд