(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, омӯзгорон ва пешқадамону собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Дар машварат аз ҷониби нотиқон доир ба дастовардҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият маърӯзаҳо ироа гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамасола баргузории машварати августии омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омўзгорон мебошад. Ва сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Сипас, Раиси шањри Хуҷанд Маъруф Муњаммадзода баромади пурмуҳтаво намуда, аз љумла афзуд, ки ҳамасола баргузории машварати августии омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил, таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омўзгорон мебошад.

Шаҳрдор афзуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф баён доштаанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.»

Боиси қаноатмандист, ки кормандони соҳаи илму маорифи шаҳр ин рисолати худро иҷро карда меоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби хусусӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва инчунин 32 кўдакистони давлатӣ, 14 кўдакистонҳои хусусӣ, 1 Маркази ислоҳнамоӣ - педагогӣ барои кўдакони норасоии нутқдошта фаъолият дошта, дар онҳо 42460 нафар хонандагон ва 10286 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омўзгорону мураббиён дар муассисаҳои маорифи шаҳр 2995 нафарро ташкил дода, аз онҳо 2897 нафар бо маълумоти олӣ ва 94 нафарашон бо маълумоти олии нопурра ва 4 нафар маълумоти миёнаи махсус фаъолият доранд. Муайян намудани хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ва таълиму тарбияи ҳаматарафаи онҳо яке аз вазифаҳои асосии мактаб, ҷомеаҳои омўзгорӣ ва кормандони соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд пешрафти толибилмон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 131 нафар хонандагони синфҳои 9-11 иштирок намуда, 42 нафар сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 38 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 4 нафар ҷойи якум, 3 нафар ҷойи дуюм, 11 нафар ҷойи сеюм дар умум 18 нафар ҷойҳои ифтихориро ташкил медиҳад.Дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 10-11) дар Олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 42 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, 18 нафар синфҳои 11 хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз он ҷумла, 4 нафар соҳиби медали тилло, 3 нафар соҳиби медали нуқра ва 11 нафар соҳиби медали биринҷӣ гаштанд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад. Дар озмунҳои байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Туркия, Қатар Руссия ва Қазоқистон аз фанҳои биология, химия, технологияи иттилоотӣ соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ин Олимпиадаҳои байналмиллалӣ 12 нафар хонандагон аз Муассисаҳои таълимии литсейи №1, Муассисаи таълимии давлатии барои хонандагони болаёқат, Муассисаи таълимии щайридавлатии “Гулчини маърифат”, Муассисаи таълимии миёнаи умумии №2 ширкат варзида, ба гирифтани медалҳои тилло 7нафар, нуқра, ва бириҷӣ 5 нафар ноил гардиданд.

Маъруф Муњаммадзода гуфт, ки давлату ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд.

Дар доираи ин дастгириҳо, дар кишвари азизамон, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд бунёду азнавсозӣ шудани даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ ба шумор меравад, ки имрўз кўдакону наврасони мо дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ бо ҳама таҷҳизотҳои дарсӣ муҷаҳҳаз таълиму тарбия гирифта истодаанд. Дар мавриди таъмини шароити хуби хониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимӣ 39 адад компютер, 4 адад принтер, 11 адад проектор ва 13 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуда, айни замон, дар 47 муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1631 компютерҳо, 223 адад принтерҳо, 171 адад тахтаи электронӣ ва 222 адад проектор мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр беш аз 95 адад кабинетҳо бо озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика ва биология муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Шаҳрдор гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъмиру азнавсозии боз даҳҳо адад муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд. Албатта, дастоварду комёбиҳои аҳли маориф хеле зиёданд, аммо то ҳанўз ба таври комил онҳо моро қонеъ карда наметавонанд ва муассисаҳои таълимӣ дар ин самт бояд меҳнати фидокорона ва тарбияи шоистаи насли наврасро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дастоварду комёбиҳои ҳам омўзгорон ва ҳам шогирдонро афзунтар намоянд.

Барои тақвият бахшидани равобити оилаву мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қонуни махсус «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақши муҳим мегузорад ва ҳамаи моро водор бар он менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем.

Ин қонун агарчанде ба таври қаноатбахш дар ҷомеаи имрўза амалӣ мегардад, вале ҳанўз ҳам ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задании наврасону ҷавонон моро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи онҳо бештар масъулият зоҳир намуда, ба бетарафӣ роҳ надиҳем. Сабабҳои даст ба ҷиноят задани хонандагон нишон медиҳад, ки як қисми он аз беназоратии волидон, омўзгорон, мароқ зоҳир накардани масъулини мактабҳо ба машғулияти хонандагон дар вақти фориғ аз дарс, робитаи мустаҳкам надоштани мактаб бо оила ва дуруст дарк накардани мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Устодон шоҳсутуни низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба паҳн гардидани пандемияи коронавирус “Ковид-19” ва тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оғоз шудани соли нави таҳсил аз 17-уми августи соли ҷорӣ андешаронӣ намуда, аз мураббиёну омузгорон қатъиян талаб намуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин намоянд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки кулли кормнадони соњаи маорифи шаҳр ҷавобан ба ин ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон боз ҳам саҳми босазои худро гузошта, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда парафшон менамоянд.

Сипас ба якчанд нафар пешсафони соҳа нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд