(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз раванди сохтмони иншооти таъиноташ гуногун бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли якчанд иншооти дар шаҳр бунёдшаванда боздид намуд.

Маъруф Муҳаммадзода нахуст бо раванди корҳои омодасозии сехҳои нави истеҳсолӣ дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ошноӣ пайдо кард. Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз майдони истеҳсолии ин корхона таъсису роҳандозии 3 хатти нави истеҳсолӣ ва насби 70 таҷҳизоти нав бомаром ҷараён дорад, ки рўзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.

Раиси шаҳр ба масъулини шаҳрдорӣ ва ҷамъият ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва батартибдарорию ободу зебо намудани ҳудуди корхона дастуру супоришҳо дод.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр аз вазъи канораҳои роҳ, пайроҳаҳо, намои биноҳо шинос гардид. Роҳбари шаҳр ба роҳбарони сохторҳои КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр дастур дод, ки бо мақсади ба талаботи замони муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани роҳҳои канории шаҳр, намои биною марказҳои тиҷоратӣ, ҷуйборҳо, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Таъкид гардид, ки кўчаи мазкур маркази шаҳр арзёбӣ гардида, ҳамешагӣ дар мадди назар сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор дорад.

Зимни шиносоӣ бо маҷмааи тиҷоратии «Сомон плаза» («Somon-Plaza»), ки дар маркази шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст, иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад. Фармоишгари сохтмон ҶДММ «Дӯсти Амирхон, пудратчии он ҶДММ «Сомон сохтмон ва К» мебошад. Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2015 оғоз шуда, дар арафаи ҷашни навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ин ҷо Раиси шаҳр ба масъулини дахлдор ҷиҳати ободониву азнавсозии канораҳои кўчаи мазкур супоришҳо дод. Ҳамчунин ҷиҳати бетонпўш намудани ҷўйбор ва ташкили таваққуфгоҳ супоришҳо дода шуд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба ободонии майдони “Ситораҳои Хуҷанд” низ дода шуд. Таъкид шуд, ки ба гулзоркунии ин майдон ва азнавсозии бархе қитъаҳои он эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар хиёбони Раҳмон Набиев аз рафти бунёди бинои нави Беморхонаи вилоятии шараёни дил ошноӣ пайдо намуд. Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, бо унсурҳои муосири миллии сохтмонӣ бунёд шуда истодааст. Пудратчии сохтмони ин иншоот ҶДММ «Евростройсервис» буда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 19 миллион сомонӣ маблағхо пешбинӣ шудаанд.

Бино барои 200 кати беморон пешбинӣ гардида, замони истифодабарӣ бо тамоми дастгоҳҳои муосири тиббӣ таҷҳизонида мешавад.

Аллакай дар ҳудуди беморхонаи шароити арзандаи истироҳату фароғат муҳайё карда шавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки аллакай дар ин самт як қатор корҳо анҷом ёфтааст, аз ҷумла 6 адад суҳбаткадаҳо ҷойгир карда шуда, дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.

Шаҳрдор ба масъулини дахлдор ҷиҳати азнавсозии ҷўйбору канораҳои роҳ дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ин мавзеъ дар ояндаи наздик бояд ба яке аз ҷойҳои истироҳату фароғатии шаҳрвандон мубаддал гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд