(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи қарори Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо мақсади ҷилавгирӣ аз мавҷи дуюми ин вабои аср дар маҳаллаҳои шаҳр гуруҳҳои корӣ силсилаи корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро ба роҳ мондаанд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул ва Тиллокони шаҳр роҷеъ ба пешгирии бемории ҳамагири короновирус мулоқот анҷом дод.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо ҷаҳон гирифтори бемории коронавируси навъи нави COVID-19 буда, табибон, донишмандон ва тамоми мутахассисони соҳаи тиб сарҷамъона бар зидди ин вабои аср мубориза мебаранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз охирҳои моҳи апрели соли равон ҳодисаҳои аввали тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Имрӯз вазъ дар иртибот ба ин беморӣ дар кишвари мо назар ба бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя беҳтар аст. Бо вучуди ин хатари мавҷи дуюм ҳар лаҳза моро таҳдид менамояд.

Фирўза Нуруллозода таъкид дошт, ки мо бояд тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоем, зеро он шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст. Бояд қайд намуд, ки ҳолати сироятӣ кам гардида бошад ҳам, аммо хавфи он дар маконҳои серодам, бахусус ҳангоми риоя нагардидани қоидаҳои ҷамъиятии беҳдоштӣ ҷой дорад.

Сокинон изҳор доштанд, ҳамагон ҷиҳати риояи қоидаҳои оддитарини тозагию беҳдоштӣ, аз ҷумла шустани дастон, пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани фосилаи ҷамъиятӣ, бо даст салом накардану ҳамдигарро ба оғӯш нагирифтан ва ғайра масъул бошанд ва он меъёри асосию муҳими зиндагии шаҳрвандон гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд