(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нақшаи даъват пеш аз мӯхлат иҷро гардид.Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пеш аз мӯхлати муқарраргардида иҷро гардид. Давоми мавсими даъвати баҳорона аз шаҳри Хуҷанд ба қисмҳои низомӣ мувофиқи нақша 101,8% даъватшаванда сафарбар шуд. Дар ин бора санаи 28 майи соли равон раиси комиссияи даъват, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гузориш дод.
Барои сари вақт иҷро гардидани нақшаи мазкур ҳайати комиссияи давлатии даъват, ки иборат аз 10 нафар масъулони соҳаҳои гуногун буданд, таъмини саривақтии нақшаро таъмин намуданд. Муоинаи тиббии даъватшавандаҳоро 12 нафар духтурони ҳирфаӣ ба зимма доштанд. Хусусияти фарқкунандаи даъвати имсола аз солҳои қаблӣ аз он иборат буд, ки ин навбат даъват бе «иҳотагирӣ» дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат гирифта сатҳи маълумотнокии ҷавонон низ беҳтар буд. Зеро дар байни даъватшавандагон нафарони дорои маълумоти олӣ,миёнаи махсус дошта, аксариятро ташкил медоданд.
Дар баробари ин ҳамкории судманд байни комиссияи даъват бо муассисаҳои таҳсилоташон олӣ аз қабили Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкадаи политехники Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, колеҷи тиббӣ ва омӯзишгоҳи касбию техники №№ 56 ,44 , бахши кор бо маҳаллаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои натиҷаҳои хуб  мусоидат намуданд. Маҳаллаҳои ба номи С Хофиз, Суғдиён, Навбаҳор Мевағул ва Вахдат бошад аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро байни маҳаллаҳо иҷро намуданд. Дар ҳамин замина барои фаъолияти пурсамари комиссияи даъват кормандони масъули шуъбаи корҳои дохилӣ,  нозирони минтақавии маҳаллаҳои номбурда, Прокуратураи шаҳри Хуҷанд, саҳми арзанда гузоштанд.
Дар маълумоти комиссияи даъват ҳамчунин камфаъолии  масъулони маҳаллаҳои Бофанда, Дӯстии халқҳо  ва ба номи Темурмалик қайд гардид.
Лозим ба зикр аст, ки барои фаъолияти самараноки комиссияи даъват ва фароҳам овардани шароиту заминаи моддӣ техникӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷудо гашта буд.