(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ бо ҷалби сардухтурони марказҳои саломатӣ,маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, устодони донишгоҳҳои олӣ, азҳоби сиёсӣ, ҷавонони фаъол, занон ва ғайраҳо сурат гирифт.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбии сокинон аз бемории COVID-19 пурзур карда шаванд.

Зикр гардид, ки ҳамаруза аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19 роҳандозӣ гардида, ҳамзамон бо ҷалби фаъолон ва ризокорону табибони оилавӣ гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд, дар маҳаллаҳои шаҳр корҳо вусъат дода шудаанд.

Сипас, гуруҳҳои тарғиботӣ ба кӯчаву маҳаллаҳои "Дустии халқҳо", "Сайҳун", Суғдиён" ва "Навбаҳор" барои пеш бурдани корҳои тарғиботӣ сафарбар карда шуда, тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи эшон бори дигар расониданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд