(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Артисткаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоеваро, ки беш аз 56 сол бо истеъдоду ҳунари волои худ дили ҳазорон тамошобинонро тасхир намудааст, аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Сайрам Исоеваро бо Иди Қурбон табрик намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин иди миллӣ таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки он маҳсуб меёбанд. Имрӯз сокинони кишварамон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва аз баракати сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар баробари заҳмати созандаву ободгарона ба анҷом додани амалҳои хайр эътибори бештар медиҳанд ва бо ин иқдоми худ соҳиби савоби зиёд мегарданд. Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накӯкорист.

Сайрам Исоева аз ин таваҷҷўҳу ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро изҳор дошта, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи фарҳанг ва рушди бемайлони он аз фарҳангчиён масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Дар ин росто ҳар як намояндаи фарҳанг дар канори Роҳбарияти Давлату Ҳукумат қарор гирифта, барои ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ ва баланд бардоштани маданият ва тарғиби урфу одати миллӣ саҳмгузорӣ намоем. Бо вуҷуди беш аз 56 солаи фаъолият дар як театр-Театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ умедворам, ки солҳои зиёд то ҷон дар рамақ доштан ба ин давлату миллат ва халқи азизам хизмат менамоям.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд