(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз раванди фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ошноӣ пайдо намуд. Тавре, ки зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” дӯхти либосҳои соҳавӣ ва мактабӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон бо назардошти вазъи сироятёбии сокинони кишварҳои дохиливу хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқоб ва корҷомаҳои тиббӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”, ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон 3 намуди ниқобҳои тиббӣ бо истифода аз дока ва хомсуф тайёр карда мешаванд. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона чанд моҳ қабл фармоиши ширкати «Бил Бим Бом»-и Ҷумҳурии Белорусия дар ҳаҷми 68 000 доллари ИМА доир ба дӯхти либоси мактабӣ барои муҳассилини макотиби ин кишвар пешбинӣ шударо ба анҷом расонида, боз дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ аз ин ширкат фармоишот ба даст оварда шуд. Аз ҷониби дӯзандагони ин корхона ҳамарӯза 300 адад чунин либос барои мактабиёни кишвари Белорус дӯхта шуда истодаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди корҳои таъмирӣ ва омодасозии бинои нави истеҳсолии ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” шинос гардида, дастур дод, ки баҳри босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва воридоти дастгоҳи истеҳсолии муосир тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар баробари истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондани сару либоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Зеро барои истеҳсоли ин навъи маҳсулот маҳсулоти хоми корхона мавҷуд буда, талаботи бозори дохилӣ ба он бештар аст. Барои содироти ин навъи маҳсулот низ тадбирҳо андешида шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти корхона бо роҳандозии 3 хатти нави истеҳсолӣ ва насби 70 таҷҳизоти нав шумораи коргаронро боз 100 нафари дигар бештар хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд