(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБори аввал ҷаласаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо роҳбарони муассисаҳи таълимии шаҳр тариқи онлайн баргузор гардид.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева нахуст доир ба мазмуну муҳтавои ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ тариқи онлайн баргузор шуда, маълумот дода, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илмро ба самъи директорони муассисаҳои таълимӣ расонд.

Дар ҷараёни ҷаласа онлайнӣ ҳамчунин ҷиҳати омодагӣ ба ярмаркаи лавозимот ва либоси мактабӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба соли хониши 2020-2021 масъулини дахлдор вазифагузорӣ карда шуданд.

Сипас аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ доир ба раванди корҳои беҳдоштӣ, безараргардонӣ ва захираи маводҳои поккорӣ пурсиш ба амал оварда шуд.

Бо вазифагузорӣ ба ҷаласаи онлайнӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҷаласаи онлайнии мазкур бо мусоидати кормандони маркази технологияи информатсионӣ ва комунникатсияи назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд