(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБакорандозии иқтидорҳои бозмондаи соҳаи саноат асоси барномаи рушди саноати шаҳри Хуҷандро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои пешбинишуда собиқ корхонаи «Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ иқтидорҳои хешро аз нав барқарор хоҳад намуд.

Зимни як боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ин корхонаи бузурги шаҳр, ки дар минтақаи шимолу шарқии саноатии шаҳр воқеъ аст, чунин пайғом расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиси корхонаи мазкур соҳибкори ватанӣ Раҳмонбек Раҷабов бо таҳияи лоиҳаи бузург бо ҷалби 20 миллион доллари амрикоӣ бо шарикони хориҷӣ онро эҳё карданист.

Таъкид шуд, ки аллакай гуфтушунид бо шарикони тиҷорӣ ба воситаи Бонки аврупоии рушд ҷараён дошта, коршиносон заминаҳои моддӣ ва ҳаҷми истеҳсолотро муайян намудаанд. Тибқи лоиҳа корхона дар якчанд марҳила азнавсозӣ гардида, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ азм хоҳад намуд. Дар ояндаи наздик дар ин корхонаи бузург беш аз 400 нафар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд. Марҳилаи аввали лоиҳа дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт.

Алҳол дар корхонаи мазкур сехи хурди яхмосбарорӣ фаъол буда, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот ҳиссагузорӣ намуда истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ тавсиф намуда, барои ҳарчи зудтар бакорандозии марҳилаи аввали лоиҳа дастуру супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки барои фаъолияти пурсамар тамоми имконоти майдони истеҳсолот мавҷуд буда, маҳсулоти хом дастрас аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соҳибкорони ватанӣ баҳри амалишавии ҳадафи чоруми стратегии давлат ва гузариши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ фаъолияти пурсамар доранд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми муносиби худро гузошта истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд